Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ-омӯзишӣ

Апрель 10, 2014 15:53

Душанбе, 10.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /(ҶҲАТ/ бо дастгирии Намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон /ФБҶ СС ва ҲА/) имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин Маркази иттилоотӣ-омӯзишии худро барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо ифтитоҳ кард.  Дар марказ муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, инчунин аҳли хонадони онҳо имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд. Инчунин ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд. Маркази мазкур бо дастгирии намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон бо маблағгузории созмони ҷамъиятии “СПИДинфосвяз”- и Русия дар доираи барномаи «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ» боз гардид. Ҳадафи лоиҳаи мазкури ҶҲАТ, ки аз ҷониби “СПИД инфосвяз” пуштибонӣ мешавад, баланд бардоштани сатҳи зиндагии муҳоҷирони кории деҳотҷой ва хонадони онҳо ба воситаи беҳтар кардани дастрасии онҳо ба хидматгузориҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва баланд бардоштани огаҳии ҳуқуқияшон аст. Лоиҳа аз ду бахши асосӣ — фаъолияти иттилоотӣ дар миёни аҳолӣ ва ироаи ёрии ташхиси тиббӣ ба мардум аз ҷониби мутахассисиони маҷмаи худрави тиббӣ иборат аст, ки ин қисматро созмони ҷамъиятии “Амирҷон” бар дӯш дорад. Ирина Костетская, муовини раиси “СПИД инфосвяз”, мегӯяд: «Фаъолиятҳои мазкур бахше аз ҳузури Русия дар барномаҳои байналмилалии ёрӣ ба рушд дар соҳаи тандурустӣ ба ҳайси кишвари маблағгузор аст ва дар ҳамкорӣ бо UNAIDS роҳандозӣ мегардад».

Апрель 10, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад