Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ
Душанбе, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.
Чунонки иттилоъ доданд, ин муассисаи тиббии муосир бо харҷи қариб 2 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ширкати аш-Шафар аз Амороти Муттаҳидаи Араб сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ташхис ва табобат аз ширкатҳои олмонӣ, италявӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ин муассисаи тиббӣ дорои 14 ҳуҷра ва 21 дастгоҳи гаронарзиши муоинаю ташхис ва табобат ба монанди дастгоҳҳои ултрасадо (УЗИ), рентгенӣ, дандонпизишкӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти таҳлилӣ, як қатор таҷҳизот барои ташхиси амрози занона, гӯшу гулуву бинӣ, чашм ва дил мебошад. Дар ин марказ наздики 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорону ташкилкунандагони ин амри хайр арзи сипос карда, таъкид дошт, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ бояд дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шавад.
Намояндагони ширкати арабии аш-Шафар изҳор доштанд, ки ин нахустин натиҷаи кори онҳо дар Тоҷикистон аст ва азм доранд, ки минбаъд ҳамкориро дар ин ҷо ривоҷ диҳанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






