Интиқоли ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан
Душанбе, 15.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ дар яке аз майдонҳои сохтмонии ноҳияи Академии шаҳри Екатеринбург бар асари афтодани тахта аз ошёнаи 16 -уми бино бар китфи сохтмончӣ — шаҳрванди Чумҳурии Тоҷикистон Ҳаётов Раҳматшоҳ Зайдуллоевич, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Нуробод, номбурда ҷароҳат бардошта, аз ҳуш рафтааст ва дар беморхонаи шаҳрии № 24 ба худ наомада фавтидааст.
Зимни вохӯрии корманди намояндагӣ бо муовини роҳбари ширкати сохтмонии «КЕЙ РУСС» Малишев Михаил Валериевич, ки марҳум дар он фаъолият менамуд, онҳо тайёрии худро ҷиҳати пардохт намудани тамоми хароҷот барои интиқоли ҷасад ба ватан иброз намуда, ба писари Р. Ҳаётов 200 ҳазор рубл ҷубронпулӣ ҷудо намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҷамъияти тоҷикони шаҳри Свердловск «Сомон» ба оилаи ҷабрдида ба миқдори 16 ҳазор рубл кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти намояндагӣ дар Федератсияи Русия хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






