Интиқоли барқ дар ҷумҳурӣ зиёд гардид
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и «Барқи тоҷик» интиқоли барқро ба муштариён нисбат ба давраи зимистон қариб ду баробар зиёд кард, вале маҳдудият ҳанӯз пурра барҳам дода нашудааст.
Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, маҳдудияти барқ дар кишвар вобаста ба вазъи ҳаво ва паст будани сатҳи оби дарёи Вахш мебошад. Дар моҳи апрел ҳарорати миёнаи ҳаво 2-3 дараҷа поён мефарояд ва об шудани пиряхҳо кам ба чашм мерасад.
Дар робита ба ин ҳавошиносони тоҷик рӯзҳои наздик сард шудани ҳаворо пешгӯӣ мекунанд. Хусусан аз 11 то 13 апрел ҳарорати ҳаво ҳамагӣ 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳолати риоя накардани меъёр шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои боварии «Барқи тоҷик»- 235-86-74, 235-86-84 муроҷиат намоянд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






