Интиқоли барқ дар ҷумҳурӣ зиёд гардид

Апрель 10, 2014 16:30

 
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и «Барқи тоҷик» интиқоли барқро ба муштариён нисбат ба давраи зимистон қариб ду баробар зиёд кард, вале маҳдудият ҳанӯз пурра барҳам дода нашудааст.
Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. 
Тибқи иттилои манбаъ,  маҳдудияти барқ дар кишвар  вобаста ба вазъи ҳаво ва паст будани сатҳи оби дарёи Вахш мебошад. Дар моҳи апрел ҳарорати миёнаи ҳаво 2-3 дараҷа поён мефарояд ва об шудани пиряхҳо кам ба чашм мерасад.  
Дар робита ба ин ҳавошиносони тоҷик рӯзҳои наздик  сард шудани ҳаворо пешгӯӣ мекунанд. Хусусан аз 11 то 13 апрел ҳарорати ҳаво ҳамагӣ  11-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳолати риоя накардани меъёр шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои боварии «Барқи тоҷик»- 235-86-74, 235-86-84 муроҷиат намоянд. 
 
 
 
 

Апрель 10, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад