Ишкошим: 20 оила кӯч мебандад
Хоруғ, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар давоми се моҳи соли равон 996 нафар сокини ВМКБ ба мақсади ҳалли баъзе аз мушкилоти кору рӯзгори худ ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят муроҷиат намуданд. Бештари шаҳрвандон аз кормандони раёсати мазкур хоҳиш кардаанд, ки дар таъмини онҳо бо ҷои кор кумак расонанд.
Сардори Раёсати агентии мазкур дар ВМКБ гуфт, ки аз ин теъдоди муроҷиаткунандагон 600 нафар ба ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ ниёз доштаанд. Дар ин се моҳ раёсат дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо баргузор кардани бозори меҳнат тавонист 557 нафарро бо шуғли доимӣ таъмин кунад.
Сардори раёсати мазкур дар мавриди муҳоҷирати дохилӣ гуфт, ки қарор аст имсол 20 оила аз ноҳияи Ишкошим ба таври ихтиёрӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯч дода шавад. Дар айни ҳол рӯйхати ин 20 оила таҳия шуда, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






