Иштироки А. Қодирӣ дар мумфаршкунии роҳи Лоҳутӣ
Душанбе, 29.04.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан рафт.
Зимни ин сафар раиси вилоят аз мавзеи Сексарӣ дидан хоҳад кард. Сипас бо ҳузури раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Ситодел» — и ҷамоати деҳоти Зарҳалол ба гурӯҳи хоҷагиҳои навтаъсис маросими супоридани сертифакати истифодаи ҳуқуқи замин доир мегардад.
Дар ҷараёни сафар Абдураҳмон Қодирӣ инчунин бо фаъолияти ҶС «Оби зулол» ва ҷараёни сохтмони бинои нави Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ шинос гардида, дар маросими мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Лоҳутӣ иштирок менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






