Иштироки боксчиёни ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳон

Апрель 11, 2014 14:36

 Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Дастаи  мунтахаби боксчиёни  ҷавони  Тоҷикистон  дар  мусобиқоти  ҷаҳон, ки  аз  14  то  25  апрел   дар  шаҳри  Софияи  Булғористон  баргузор  мешавад,  иштирок  менамоянд. 
Тавре  ки  аз  Кумитаи  миллии  олимпии  Тоҷикистон  хабар  доданд,  дар  мусобиқот беш  аз  600 нафар  варзишгарон, аз  ҷумла  100  нафар  занон ва 175  нафар  боксчиёни  эҳтиётии  105   кишвари  ҷаҳон  қувваозмоӣ  мекунанд. Варзишгарони  ҷавони  соли таваллудашон  1996 ва  1997 барои дарёфти  10  даста  медал  маҳорати  худро  месанҷанд.
Ба  ҳайати  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  Умед Ёқубов (вазни  то  52  килограмм),   Шаҳбоз  Неъматуллоев  (вазни то  69  килограмм), Меҳрубон Сангинов(вазни то 75 килограмм) ва Далерҷон Сулаймонов (вазни  беш  аз  90 килограмм)  шомиланд. 

Апрель 11, 2014 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик