Иштироки боксчиёни ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳон
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Дастаи мунтахаби боксчиёни ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳон, ки аз 14 то 25 апрел дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор мешавад, иштирок менамоянд.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқот беш аз 600 нафар варзишгарон, аз ҷумла 100 нафар занон ва 175 нафар боксчиёни эҳтиётии 105 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд. Варзишгарони ҷавони соли таваллудашон 1996 ва 1997 барои дарёфти 10 даста медал маҳорати худро месанҷанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Умед Ёқубов (вазни то 52 килограмм), Шаҳбоз Неъматуллоев (вазни то 69 килограмм), Меҳрубон Сангинов(вазни то 75 килограмм) ва Далерҷон Сулаймонов (вазни беш аз 90 килограмм) шомиланд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






