Иштироки Тоҷикистон дар нахустин Форуми иқтисодӣ дар Риёз
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Юсуф ибни Тарод ас-Саъдунро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 13 майи соли 2014 дар Риёз баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






