Иштироки варзишгарони африқоӣ дар ниммарафони Душанбе

Апрель 19, 2014 10:37

Душанбе, 19.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-19 апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт имрӯз дар шаҳри Душанбе V-умин ниммарафони байналмилалӣ бо иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ, намояндагони бародаршаҳрҳои Душанбе  ва варзишгарон аз кишварҳои қораи Африқо оғоз гардид. Шаҳрдории Душанбе барои ғолиби зинаи якуми V-умин ниммарафони байналмилалии Душанбе  3500 $ мукофот муайян кардааст. Дар асоси  қарори шаҳрдории Душанбе  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани  ин чорабинии варзишӣ 202 000 сомонӣ, муодил ба зиёда аз 40 000 $ ҷудо намояд. Ниммарафон байни калонсолон дар масофаи 21 километру 97 метр гузаронида мешавад.  Хатти оғози ниммарафон  маҳалли назди «Наврӯзгоҳ» буда, баъдан варзишгарон то дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» ҳаракат менамоянд. Ин чорабинии варзишӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ анҷом меёбад.
          Иштирокдорони зинаҳои дуюми ниммарафон бо 3 000 $, сеюм бо 2,5000 $, чорум бо 2000 $, панҷум бо 1800 $ ва ғолибони зинаи шашум бо 1500 $ cарфароз гардонида мешаванд. 
    Бояд тазаккур дод, ки соли равон V-умин ниммарафони байналмилалии Душанбе дар рӯйхати мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.

Апрель 19, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад