Иштироки варзишгарони африқоӣ дар ниммарафони Душанбе
Душанбе, 19.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-19 апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт имрӯз дар шаҳри Душанбе V-умин ниммарафони байналмилалӣ бо иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ, намояндагони бародаршаҳрҳои Душанбе ва варзишгарон аз кишварҳои қораи Африқо оғоз гардид. Шаҳрдории Душанбе барои ғолиби зинаи якуми V-умин ниммарафони байналмилалии Душанбе 3500 $ мукофот муайян кардааст. Дар асоси қарори шаҳрдории Душанбе Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин чорабинии варзишӣ 202 000 сомонӣ, муодил ба зиёда аз 40 000 $ ҷудо намояд. Ниммарафон байни калонсолон дар масофаи 21 километру 97 метр гузаронида мешавад. Хатти оғози ниммарафон маҳалли назди «Наврӯзгоҳ» буда, баъдан варзишгарон то дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» ҳаракат менамоянд. Ин чорабинии варзишӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ анҷом меёбад.
Иштирокдорони зинаҳои дуюми ниммарафон бо 3 000 $, сеюм бо 2,5000 $, чорум бо 2000 $, панҷум бо 1800 $ ва ғолибони зинаи шашум бо 1500 $ cарфароз гардонида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон V-умин ниммарафони байналмилалии Душанбе дар рӯйхати мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






