Ислоҳоти қонунгузории замин дар Душанбе матраҳ мегардад
Душанбе, 29.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки дар нимаи аввали моҳи майи соли равон дар Душанбе мизи мудаввареро дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии ислоҳоти қонунгузории замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намояд.
Интизор меравад, ки дар ин нишаст намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, коршиносону мутахассисони бахши ҳуқуқ, андоз, кишоварзӣ иштирок намуда, масоили қонунгузории замин вобаста ба мерос, такмили қонунгузории замин- омили рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ, ислоҳоти замин, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тавассути гузаронидани ислоҳот дар қонунгузории замин ва соири масоили мубрами ин соҳаро матраҳ намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






