Истифодаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 29 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари дурӯза таҳти унвони “Имконпазирии ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон: мафҳумҳои талаботи асосӣ” баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, дар он намояндагони Бонки Исломии Рушд ва Ширкати “Зайд Иброҳим & Со” (Малайзия), Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд иштирок намуданд.
Иштирокдорони мулоқот ба суханрониҳои муовини раиси ширкати машваратии “Зайд Иброҳим & Со” Мадзлан Бин Муҳаммад ва узви ҳайати ширкати номбурда Аида бинти Озман, ки тамоми масъалаҳои Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ, ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудиторӣ барои созмонҳои молиявии исломӣ, масъалаҳои шариат ва чорчӯбаи қонунгузорӣ, нақшаи машваратчиёни шариат ва талаботи фаъолиятро дар бар мегиранд, мароқи зиёд зоҳир намуданд.
Дар баррасии мавзӯъҳои алоҳидаи семинар иштирокдорони вохӯрӣ фаъолона иштирок карда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар маросими анҷоми кори семинари дурӯза ба 76 нафар мутахассиси соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар шаҳодатномаҳо оид ба имконпазирии татбиқи бонкдории исломӣ дар ҷумҳурӣ супорида шуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






