IV-умин ҷашнвораи байналмилалии «Чодари хаёл»
Душанбе, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 15-ум то 22-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барномаи IV-умин ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад.
Дар он асарҳои лӯхтакии театрҳои кишварҳои Беларус, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Гомел бо намоишномаи «На ҳама Харгӯшҳо — Заргӯшанд», аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри лӯхтаки шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо намоишномаи «Донаки сеҳрнок» -и М.Осипова, таҳиягар Н.Аҳмадова, Тотористон, Федератсияи Русия, Театри давлатии лӯхтаки «ЭКИЯТ»-и шаҳри Қазон бо намоишномаи «Се духтар» -муаллиф А.Хаиров, таҳиягар Л.Дяченко, Озарбойҷон, Театри лӯхтаки шаҳри Нахҷувон бо намоишномаи «Оршин мол Олан»-и муаллиф У.Ҳоҷибеков, таҳиягар Я.Рамазонова, Испания, Театри лӯхтаки «Лос Клавелес»-и шаҳри Мурси бо намоишномаи «Буз ва ҳафт бузича», муаллифон Пак ва Анисето Роса, таҳиягар Анисето Роса ва дигар театрҳои лӯхтаки кишварҳои дунё ширкат меварзанд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






