Ивази ному насаб ва мушкилоти САҲШ
Румӣ, 10.04.2014.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторӣ).-Баъди гузаштан ба низоми ягонаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба таври тестӣ мушкилии асосии хатмкунандагон ин гирифтани шиносномаи миллӣ гардид. Тавре ки мудири шуъбаи САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар ноҳияи Румӣ Санавбар Шарипова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, онҳо зимни ҳуҷҷаттайёркунӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардиданд. Ин дар навбати аввал шаҳодатнома (бланка)-ҳои қалбакии солҳои 1997-1998 ҳастанд, ки дар китоб аксари онҳо қайд нашудаанд.
Ивази ному насаб солҳои охир хеле зиёд гардидааст. Соли 2013 118 нафар, дар семоҳаи аввали соли 2014 408 нафар ному насаби худро иваз намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 290 нафар зиёд аст. Бояд гуфт, ки китобҳои қайди САҲШ дар бойгонии худи шуъба 75 сол нигоҳ дошта мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






