Калашников, гург ва Марко Поло
Хоруғ, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ) дар ВМКБ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз силсилаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯиро анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Ба таври мисол, аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомбердиев Бекмамад Алибердиевич, соли таваллудаш 1966, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Бадчори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ 1 адад автомати Калашников мусодира гардид. Номбурда сараввал аз додани яроқи оташфишон ҳарос мекард, аммо пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони амният Бекмамад Имомбердиев маҷбур шуд, ки рӯзи 11 марти соли 2014 яроқеро, ки дар махфигоҳи мавзеи кӯҳии ҷангалзор пинҳон карда буд, оварда ба дасти кормандони амният супорад. Ҳамин тавр, 1 адад автомати Калашников ва 1 адад тирдон, ки ғайриқонунӣ дар ихтиёри Бекмамад Имомбердиев нигоҳ дошта мешуд, мусодира шуд. Номбурда гуфт, ки яроқи мазкурро ба хотири тарсондани гургон пинҳон намудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ зимни баргузории як амалиёти фаврию чустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар мавзеи «Реченой»-и ҷамоати Куна-Қурғани ноҳияи Мурғоб мошини рақами давлатиаш 21-71-01 РТ, ки таҳти идораи сокини деҳаи Кӯпрукбошии ноҳияи Мурғоб Мамадсейтов Камолиддин Абутолибович қарор дошт, мавриди боздошт қарор гирифт. Ҳангоми кофтукови зери курсиҳои пеши мошин 1 адад автомати Калашников ва 1 адад тирдон ошкор ва мусодира шуд. Муайян гардид, ки номбурда лавозимоти ҷангиро бе иҷозат ва ба таври ғайриқонунӣ бо мақсади шикори гӯсфанди нодири Марко Поло истифода мебурдааст.
Ҳамин тавр, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар натиҷаи пешбурди силсилаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аз шаҳрвандони вилоят дар маҷмӯъ 37 адад яроқи оташфишон, шумораи зиёди тирҳои қутрашон гуногун ва дигар лавозимоту муҳимоти ҷангиро ошкор ва мусодира намуданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






