Калашников, гург ва Марко Поло

Апрель 2, 2014 12:11

Хоруғ, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон (КДАМ) дар ВМКБ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз силсилаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯиро анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил  гардиданд. 
Ба таври мисол, аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомбердиев Бекмамад Алибердиевич, соли таваллудаш 1966, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Бадчори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ 1 адад автомати Калашников мусодира гардид. Номбурда сараввал аз додани яроқи оташфишон ҳарос  мекард, аммо пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони амният Бекмамад Имомбердиев маҷбур шуд, ки рӯзи 11 марти соли 2014 яроқеро, ки дар махфигоҳи мавзеи кӯҳии ҷангалзор пинҳон карда буд, оварда ба дасти кормандони амният супорад. Ҳамин тавр, 1 адад автомати Калашников ва 1 адад тирдон, ки ғайриқонунӣ дар ихтиёри Бекмамад Имомбердиев нигоҳ дошта мешуд, мусодира шуд. Номбурда гуфт, ки яроқи мазкурро ба хотири тарсондани гургон пинҳон намудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ зимни баргузории як амалиёти фаврию чустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар мавзеи «Реченой»-и ҷамоати Куна-Қурғани ноҳияи Мурғоб мошини рақами давлатиаш 21-71-01 РТ, ки таҳти идораи сокини деҳаи Кӯпрукбошии ноҳияи Мурғоб Мамадсейтов Камолиддин Абутолибович қарор дошт, мавриди боздошт қарор гирифт. Ҳангоми кофтукови зери курсиҳои пеши мошин 1 адад автомати Калашников ва 1 адад тирдон ошкор ва мусодира шуд. Муайян гардид, ки номбурда лавозимоти ҷангиро бе иҷозат ва ба таври ғайриқонунӣ бо мақсади  шикори гӯсфанди нодири Марко Поло  истифода мебурдааст.
Ҳамин тавр, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар натиҷаи пешбурди силсилаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ВМКБ аз шаҳрвандони вилоят дар маҷмӯъ 37 адад яроқи оташфишон, шумораи зиёди тирҳои қутрашон гуногун ва дигар лавозимоту муҳимоти ҷангиро ошкор ва мусодира намуданд. 

Апрель 2, 2014 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!