Кашфи падидаҳои нав дар «Андалеб- 2014»

Апрель 15, 2014 11:24

 
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Зарангези Латиф).- Аз 1-уми марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб-2014» оғоз гардид.
Мақсад аз баргузории ҷашнвора кашфи падидаҳои нави фарҳангию ҳунарӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, ҳамзамон эҳё намудани ҳунару истеъдоди халқии миллати тоҷик  мебошад. Озмуни мазкур ба 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, то 10 -уми майи соли равон идома меёбад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
 
 
 
 

Апрель 15, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд