Китоби нав — тӯҳфа дар Рӯзи осорхонаҳо

Апрель 7, 2014 16:11

Душанбе, 7. 04. 2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба муносибати Рӯзи осорхонаҳо, ки ҳар сол 18 май ҷашн гирифта мешавад, дар нашриёти «ЭР-граф» аввалин китоби илмиии  «Маълумоти осорхонаи  милиии Тоҷикистон» аз чоп баромад. Муассиси  китоб Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» мебошад.  
Дар  китоби мазкур маводҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъ оварда шудаанд. Дар маҷмӯаи илмӣ рӯйдодҳои таърихӣ, рамзҳо, омӯзиши бостоншиносӣ ва дигар эълонҳои шавқовару таърихӣ интишор шудаанд. 
Яке аз маводи тозаи китоб «Коллексияи табарҳои қадимаи нуқрагини Осорхонаи миллии Тоҷикистон» буда,  муаллифаш Ю. Яқубов мебошад.
 Ҳамчунин асарҳои Н. Раҳимов ва Б. Темирзода «Аломатҳои фарзии Наск ва маъданшинос аз Ашт», Д. Довудӣ «Рушди тангашиносӣ дар Тоҷикистон » ва С. Бобомуллоев «Таърихи омӯзиши бостоншиносии водии Ҳисор» мавриди таъкид қарор дода шудааст.
«Маълумоти осорхонаи милиии Тоҷикистон» барои ҳайати васеи хонандагон, ҳамчунин таърихшиносон, донишҷӯёни  факултетҳои таърих ва мутахассисони дар соҳаи осорхона ва таърих  фаъолияткунанда  пешниҳод шудааст.
 

Апрель 7, 2014 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд