Конфронс бахшида ба 20-солагии Конститутсияи ҶТ
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада доир гардид.
Дар конфронс ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр намуд, ки: «Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати тоҷик маҳсуб мегардад. Мо худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста, таъмини соҳибихтиёрӣ ва рушду камоли Ватани азизи худро дарк намуда, озодиву ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ шуморида, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон намудем».
Инчунин дар конфронс дар мавзӯъҳои «Конститутсия нахуст- асоси сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷабҳаҳои иқтисодии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият», «Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯзаҳо шунида шуданд. Кори конфронс дар 8 бахш идома ёфт.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, пагоҳ конфронс кори худро ҷамъбаст мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






