Конститутсия-санади олии тақдирсоз

Апрель 12, 2014 09:38

Душанбе, 12.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст. 
Таҷлили бистумин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар тоҷик рӯйдоди воқеан  ҳам таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи мардуми тоҷик  ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақилу озод ва  адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, миллату давлати Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бист сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, бо шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.
Аҳамияту зарурати мавҷудияти Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ сол то сол мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.
Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз асосҳои инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Сиёсатмадорону таҳлилгарон асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдориро натиҷаи мавҷудият ва амалишавии меъёрҳо ва талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар маънидод менамоянд.
Аз ин рӯ, давлате, ки барои таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ шароит фароҳам намеорад, ба монеа ва мушкилоти гарон дучор мегардад.
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати мо баробари қабули Контитутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд.
Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо дарназардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд.
Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳамчунин озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро кафолат медиҳад.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
 

Апрель 12, 2014 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд