Корҳои барқарорсозӣ дар мавзеъҳои зарардида
Кӯлоб, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб дар мавзеъҳое, ки бар асари омадани сел ва ярч шаби 12 -уми апрел хисороти зиёд диданд, бо истифода аз техникаҳои муосир корҳои барқарорсозиро идома медиҳанд. Ба қавли сардори муассисаи мазкур Амирхон Маҳсиддинов 8 адад техника ба ноҳияи Ҳамадонӣ, 4 адад ба Восеъ, 5 адад ба Кӯлоб, 4 адад ба Шӯрообод ва 2 адад ба ноҳияи Муъминобод равона гардидааст.
Дар натиҷаи омадани сел пойгоҳҳои обкашӣ низ зери лой монда, аз кор монда буданд ва ҳоло корҳои таъмирии онҳо дар сехҳо роҳандозӣ гардида, рӯзҳои наздик ба кор дароварда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






