Корҳои мумфаршкунии роҳҳои Суғд оғоз гардид

Апрель 4, 2014 15:35

 
Худжанд, 4.04.2014.(АМИТ «Ховар»,  Абдуаҳад Шарифзода). Дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд   мумфаршкунии  роҳҳои марказӣ ва маҳаллӣ ба кор оғоз намуд.
 
 Корҳои мазкур дар миқёси вилоят бо амалигардонии қарори қабулнамудаи раиси Суғд дар бораи эълони соли 2014 — соли ободонии роҳҳо гузаронида мешавад.
 
Аз оғози ҳафтаи ҷорӣ дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳҳо миёни яке аз ноҳияҳои калон — А. Ҷумаев  ва қишлоқи Сирдарёи шаҳри Қайроққум оғоз гардид.
 
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар ҷамоати Исфисор дар нақшаи кор оид ба таъмири роҳҳо ва ободонии қаламрав қариб 10 км роҳ ва шинонидани 25 ҳазор дарахт ба нақша гирифта шудааст.
 
Дар миқёси ноҳия , дар умум , дар соли ҷорӣ таъмири 170 км роҳ дар назар дошта шудааст, ки аз он 20 км ба пуррагӣ таъмин хоҳад шуд.
 
 

Апрель 4, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш