Краснодар 100 нафар муҳоҷири меҳнатиро қабул намуд
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар вилояти Краснодари Федератсияи Русия 100 нафар шаҳрванди вилояти Бадахшон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Бино ба иттилои сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Пулод Зеваршоев дар ин кор корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонхориҷакор» саҳм гузоштааст. Муҳоҷироне, ки ба вилояти Краснодар сафарбар шудаанд, сангчин, кафшерчии барқ, ронанда, устои ҳаркора, омӯзгор, андовачӣ, иқтисодчӣ, муҳандиси хоҷагии қишлоқ, кафшерчии газ мебошанд.
Онҳо бо ҷойи зист, иҷозаи кор, қайди муваққатӣ ва шартномаи корӣ пурра таъмин гардиданд. Дар айни замон КВД «Бадахшонхориҷакор» кӯшиш дорад дар минтақаҳои гуногуни ФР шаҳрвандони бештарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқаъла, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва Мурғоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Дар се моҳи аввали соли равон ба раёсат 442 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва маълумот оид ба депортасия, яъне ҳолати ҷой доштан ё надоштани манъи вуруд ба қаламрави ФР, муроҷиат намуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки барои 38 нафар шаҳрванди вилоят барои вайрон намудани қонунгузории Федератсияи Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст.
Аз аввали сол то инҷониб аз ВМКБ 11 ҳазору 647 нафар шаҳрванд барои кор ба Федератсияи Русия сафар кардааст, ки аз он 8 ҳазору 959 нафар мард ва 2 ҳазору 688 нафар зан мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ барои минбаъд ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбининамудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани он саъю кӯшиш дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






