Краснодар 100 нафар муҳоҷири меҳнатиро қабул намуд

Апрель 15, 2014 09:50

  Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар вилояти Краснодари Федератсияи Русия 100 нафар шаҳрванди вилояти Бадахшон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. 
Бино ба иттилои  сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Пулод Зеваршоев дар ин кор корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонхориҷакор» саҳм гузоштааст. Муҳоҷироне, ки ба вилояти Краснодар сафарбар шудаанд, сангчин, кафшерчии барқ, ронанда, устои ҳаркора, омӯзгор, андовачӣ, иқтисодчӣ, муҳандиси хоҷагии қишлоқ, кафшерчии газ мебошанд. 
 Онҳо бо ҷойи зист, иҷозаи кор, қайди муваққатӣ ва шартномаи корӣ пурра таъмин гардиданд. Дар айни замон КВД «Бадахшонхориҷакор» кӯшиш дорад дар минтақаҳои гуногуни ФР шаҳрвандони бештарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқаъла, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз ва Мурғоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. 
Дар се моҳи аввали соли равон ба раёсат 442 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва маълумот оид ба депортасия, яъне ҳолати ҷой доштан ё надоштани манъи вуруд ба қаламрави ФР, муроҷиат намуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки барои 38 нафар шаҳрванди вилоят барои вайрон намудани қонунгузории Федератсияи Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст. 
 Аз аввали сол то инҷониб аз ВМКБ 11 ҳазору 647 нафар шаҳрванд барои кор ба Федератсияи Русия сафар кардааст, ки аз он 8 ҳазору 959 нафар мард ва 2 ҳазору 688 нафар зан мебошад. 
 Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ барои минбаъд ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбининамудаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани он саъю кӯшиш дорад.

Апрель 15, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд