Кумаки Катоюн ба китобхона

Апрель 26, 2014 10:15

Хоруғ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Сокини шаҳри Душанбе Катоюн Рустамова зиёда аз ҳазор китоби илмию бадеиро аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллои Рӯдакии ВМКБ тақдим намуд. 
-«Аслан ин китобхона ба падарам, ки чанд сол дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба сифати устод фаъолият дошт, тааллуқ дорад,-мегӯяд Катоюн Рустамова. Баъдан мо ба пойтахти кишвар баргаштем ва падарам фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон идома дод. Чанд сол қабл падарам Фаромӯз Рустамов аз олам даргузашт ва васият намуд, ки як қисми китобҳоро ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ тақдим намояд. Имрӯз ман ин васияти қиблагоҳамро ба иҷро расондам»,-гуфт  Катоюн Рустамова
       Директори китобхона Алидод Чароғабдолов бо изҳори минатдорӣ аз ин хонавода гуфт, ки дар чанд соли охир аз ҳисоби сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба китобхонаи мо садҳо асарҳои илмию бадеӣ ва бачагона ворид гашт. Алъон мо имкон дорем, донишҷӯёну хонандагони макотиби миёнаро аз адабиёти зарурӣ таъмин кунем ва афзуд, ки дар айни ҳол баъзан хонандагон дар толори китобхона  ҷои нишаст пайдо карда наметавонанд ва интизор мешаванд.
 
 

Апрель 26, 2014 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик