Кумаки Катоюн ба китобхона
Хоруғ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Сокини шаҳри Душанбе Катоюн Рустамова зиёда аз ҳазор китоби илмию бадеиро аз китобхонаи шахсии худ ба китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллои Рӯдакии ВМКБ тақдим намуд.
-«Аслан ин китобхона ба падарам, ки чанд сол дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба сифати устод фаъолият дошт, тааллуқ дорад,-мегӯяд Катоюн Рустамова. Баъдан мо ба пойтахти кишвар баргаштем ва падарам фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон идома дод. Чанд сол қабл падарам Фаромӯз Рустамов аз олам даргузашт ва васият намуд, ки як қисми китобҳоро ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ тақдим намояд. Имрӯз ман ин васияти қиблагоҳамро ба иҷро расондам»,-гуфт Катоюн Рустамова
Директори китобхона Алидод Чароғабдолов бо изҳори минатдорӣ аз ин хонавода гуфт, ки дар чанд соли охир аз ҳисоби сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба китобхонаи мо садҳо асарҳои илмию бадеӣ ва бачагона ворид гашт. Алъон мо имкон дорем, донишҷӯёну хонандагони макотиби миёнаро аз адабиёти зарурӣ таъмин кунем ва афзуд, ки дар айни ҳол баъзан хонандагон дар толори китобхона ҷои нишаст пайдо карда наметавонанд ва интизор мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






