КВД «Обу корези Душанбе» ба насби ҳисобкунакҳо шуруъ мекунад
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова ). – Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳри Душанбе 76 ҳазору 500 адад ҳисобкунакҳои об насб карда мешаванд.
Иҷрои ин корҳо дар ҳошияи Лоиҳаи дуюми бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе сурат гирифта ва онро Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.
Ҳисобкунакҳои об байни мизоҷони ба қайд гирифташудаи корхонаҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба таври маҷҷонӣ насб карда мешаванд.
Назар ба иттилоои манбаъ, ҳисобкунакҳои об барои истиқоматкунандагони биноҳои бисёрҳуҷрадор дар дохили ҳуҷраҳо ва барои истиқоматкунандагони хонаҳои шахсӣ дар чоҳҳои махсус насб карда мешаванд.
Тавре ки дар КВД «Обу корези Душанбе» қайд намуданд, маъракаи насби ҳисобкунакҳои об то моҳи ноябри соли ҷорӣ давом мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






