М. Неъмат: Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ-ҷавшани асосӣ барои ҳимояи Ватан

Апрель 17, 2014 15:27

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрўз дар Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” бо ширкати  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва  роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, маҳаллӣ ва ташкилотҳои марбута, намояндаи Раёсати илм, маориф ва фарҳанги дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи мушовара  доир гардид.  
Дар ҷаласа раиси кумита  М. Неъматов  фаъолияти кумита ва сохторҳои зертобеи онро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор дода, аз беҳбудии тадриҷии соҳаҳои ҷавонону варзиш ва туризм сухан ба миён оварда, ба он ишора кард, ки новобаста аз корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳо ҳоло ҳам мушкилот дар ҳар се соҳа вуҷуд дорад ва тақвияти ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии соҳа масъулият ва заҳмати бештарро тақозо мекунад.
«Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва тағйироту таҳаввулоти сиёсию фарҳангиву  иттилоотӣ, заҳролудшавии рўзафзуни муҳити иҷтимоӣ, бархурди номутавозини тамаддунҳо ки аз бисёр ҷиҳатҳо хатароти фикрию сиёсӣ ва мафкуравию идеологӣ ба дунбол доранд, танҳо дониш, фаросат, масъулиятшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва меҳанпарастӣ метавонад ҷавшани асосӣ дар роҳи ҳимоят аз  ватану миллату мардуми он ва рушди ҳамаи соҳаҳо гардад»,- афзуд М. Неъматов.
Дар мавриди раванди иҷрои барномаҳои давлатии соҳа роҳбарони раёсатҳои дастгоҳи марказии кумита ва муовини сардори Раёсати илм, маориф ва фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президент Адҳам Мирсаидов  сухан гуфтанд.
М. Неъматов ҷиҳати ислоҳи  камбудиҳо ва мушкилоти соҳа ба масъулин дастуру супориш дода, таъкид кард, ки мо дар сурати дастаҷамъона ва софдилона  талош варзидан метавонем дар рушди соҳаҳои мухталиф  муваффақ шавем.  
 
 
 
 

Апрель 17, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд