М. Неъмат: Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ-ҷавшани асосӣ барои ҳимояи Ватан
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрўз дар Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” бо ширкати раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, маҳаллӣ ва ташкилотҳои марбута, намояндаи Раёсати илм, маориф ва фарҳанги дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷаласаи мушовара доир гардид.
Дар ҷаласа раиси кумита М. Неъматов фаъолияти кумита ва сохторҳои зертобеи онро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор дода, аз беҳбудии тадриҷии соҳаҳои ҷавонону варзиш ва туризм сухан ба миён оварда, ба он ишора кард, ки новобаста аз корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳо ҳоло ҳам мушкилот дар ҳар се соҳа вуҷуд дорад ва тақвияти ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии соҳа масъулият ва заҳмати бештарро тақозо мекунад.
«Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва тағйироту таҳаввулоти сиёсию фарҳангиву иттилоотӣ, заҳролудшавии рўзафзуни муҳити иҷтимоӣ, бархурди номутавозини тамаддунҳо ки аз бисёр ҷиҳатҳо хатароти фикрию сиёсӣ ва мафкуравию идеологӣ ба дунбол доранд, танҳо дониш, фаросат, масъулиятшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва меҳанпарастӣ метавонад ҷавшани асосӣ дар роҳи ҳимоят аз ватану миллату мардуми он ва рушди ҳамаи соҳаҳо гардад»,- афзуд М. Неъматов.
Дар мавриди раванди иҷрои барномаҳои давлатии соҳа роҳбарони раёсатҳои дастгоҳи марказии кумита ва муовини сардори Раёсати илм, маориф ва фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президент Адҳам Мирсаидов сухан гуфтанд.
М. Неъматов ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва мушкилоти соҳа ба масъулин дастуру супориш дода, таъкид кард, ки мо дар сурати дастаҷамъона ва софдилона талош варзидан метавонем дар рушди соҳаҳои мухталиф муваффақ шавем.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






