Мақоми дуюм ба «Шукуфаҳои пойтахт»
Душанбе, 24.4.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 18 то 23 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия 15-умин ҷашнвораи байналмилалии эҷодии мусиқии кӯдакон баргузор гардид, ки дар он гурӯҳ наврасони тоҷик, аъзои Ансамбли асбобҳои миллии «Шукуфаҳои пойтахт» -и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иштирок карданд. Ҷашнвора- озмун аз рӯи се бахш, аз ҷумла рақс, навозиш ва овозхонӣ баргузор гардид. Ин гурӯҳи наврасони тоҷик дар бахши «Навозиш» мақоми дуюмро соҳиб гашт.
Тавре ки дар ин бора Комилҷон Холов, роҳбари ин марказ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин ҷашнвора намояндагони 15 кишвари дунё, аз ҷумла Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австрия, Итолиё, Ҷумҳурии Чех ва Руминия иштирок доштанд. Ба гуфтаи ӯ, мақоми аввали ҷашнвора насиби донишомӯзони Австрия шудааст.
«Барои дастгирӣ ва сарпарастӣ ҷиҳати мусоидати ҳамаҷонибаи сафари ҳайат ба шаҳри Екатеренбург мо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе самимона миннатпазирем», — изҳор дошт Комилҷон Холов








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






