Маҳфили фарҳангии кӯдакону наврасон дар КМТ
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар толори кӯдакону наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили доимии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва Китобхонаи миллӣ доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони директори Китобхонаи миллӣ Ҳуринисо Ализода ва Шариф Комилзода, директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комил Холов сухан гуфта, зикр намуданд, ки ҳадаф аз баргузории маҳфил баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси ватандӯстии наврасону кӯдакон, ошноӣ бо фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар ҷамъомад аз ҷониби аъзои маҳфили кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Минбаъд чунин чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷониби аъзои маҳфили кӯдакону наврасони китобхонаи миллӣ ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе мунтазам доир мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






