«Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Тоҷикистон»- озмун
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Агентии «Тоҷикстандарт» ба таваҷҷуҳи корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорон мерасонад, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ озмуни навбатии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур татбиқи «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015», дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд, мусоидат ба таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти баландсифат ва хизматрасониҳои рақобатпазир ва муаррифии корхонаҳои беҳтарини ватанӣ мебошад. Озмун аз рӯи номгӯйҳои маҳсулоти хӯрокворӣ; маҳсулоти саноатӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои халқӣ; маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ; хизматрасонии соҳаи савдо гузаронида мешавад.
Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ оид ба озмун хоҳишмандон метавонанд ба комиссияҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ки дар Агентии «Тоҷикстандарт» ва марказҳои вилоятии он воқеъ мебошанд, муроҷиат намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






