Маблағи хонаҳои бунёдшаванда- зиёда аз 21 млн. сомонӣ

Апрель 23, 2014 09:20

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат заминларза ба амал омада, беш аз 230 хоҷагӣ ва як силсила муассисаҳои таълимӣ хисороти калон бардоштанд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандони осебдида 166 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои сохтмонии кишвар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шуд.
Аз 108 хонаи истиқоматии нақшавӣ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳри Ваҳдат калиди 60 хонаи навсохти барҳаворо ба соҳибонашон супорид.
Маблағи ҳар як хонаи сохташуда ба ҳисоби миёна беш аз 200 ҳазор сомонӣ буда, дар маҷмӯъ, маблағи умумии хонаҳои дар ин мавзеъ бунёдшаванда зиёда аз 21 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати барқарорсозии манзилҳои истиқоматии 128 хоҷагии қисман вайроншуда маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.
 
 
 
 

Апрель 23, 2014 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад