Маблағи хонаҳои бунёдшаванда- зиёда аз 21 млн. сомонӣ
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат заминларза ба амал омада, беш аз 230 хоҷагӣ ва як силсила муассисаҳои таълимӣ хисороти калон бардоштанд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандони осебдида 166 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои сохтмонии кишвар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шуд.
Аз 108 хонаи истиқоматии нақшавӣ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шаҳри Ваҳдат калиди 60 хонаи навсохти барҳаворо ба соҳибонашон супорид.
Маблағи ҳар як хонаи сохташуда ба ҳисоби миёна беш аз 200 ҳазор сомонӣ буда, дар маҷмӯъ, маблағи умумии хонаҳои дар ин мавзеъ бунёдшаванда зиёда аз 21 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати барқарорсозии манзилҳои истиқоматии 128 хоҷагии қисман вайроншуда маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






