Маъракаи гусели наваскарон ба хизмат

Апрель 8, 2014 11:59

Б.Ғафуров, 8.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  оғоз гардид. Дар робита ба ин имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарон идома дорад. 
Чунин як чорабинӣ дар хиёбони марказии ба номи Бобоҷон  Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар ин рӯз аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 600 нафар аввалин ихтиёриёни шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар фиристода шуданд. Дар маросими гусел масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолону ҷавонон ва  волидайни наваскарон  иштирок намуда, зикр  карданд, ки  хидмат  дар  сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси  ҳар  як шаҳрванди  кишвар  аст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз вилояти Суғд ба қисмҳои ҳарбии мамлакат зиёда аз 2 ҳазор ҷавон  сафарбар мешавад. 

Апрель 8, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик