Маъракаи гусели наваскарон ба хизмат
Б.Ғафуров, 8.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарон идома дорад.
Чунин як чорабинӣ дар хиёбони марказии ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар ин рӯз аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 600 нафар аввалин ихтиёриёни шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар фиристода шуданд. Дар маросими гусел масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолону ҷавонон ва волидайни наваскарон иштирок намуда, зикр карданд, ки хидмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз вилояти Суғд ба қисмҳои ҳарбии мамлакат зиёда аз 2 ҳазор ҷавон сафарбар мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






