Мардуми тоҷику чинӣ қарнҳо боз бо ҳам дӯстанд
Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз ҳайати баландпояи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) бо роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ Го Шенкун ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ ташриф оварда, ба хотири гиромидошти шаҳидони мақомоти корҳои дохилӣ дар назди муҷассамаи шаҳидони Вазорати корҳои дохилӣ гулчанбар гузоштанд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ Го Шенкун бо вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор намуданд.
Вазири корҳои дохилии ҶТ изҳор намуд, ки мардуми тоҷику чинӣ дар тӯли қарнҳо бо ҳам дӯсти дерин буда, ҳамкориҳои чандинсола доранд. Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ шарикони боэътимод дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз маҳсуб меёбанд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун изҳори боварӣ намуд, ки Вазорати бехатарии ҷамъиятии кишвари Чин низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ як силсила масоили мубрами рӯз, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллиро рафъ хоҳанд кард.
Дар нишаст барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба, алалхусус ҳамкориҳо дар самти мубодилаи иттилоот ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ табодули афкор сурат гирифт.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






