Мардуми тоҷику чинӣ қарнҳо боз бо ҳам дӯстанд

Апрель 18, 2014 16:26

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Имрӯз ҳайати баландпояи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) бо роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ Го Шенкун ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ ташриф оварда, ба хотири гиромидошти шаҳидони мақомоти корҳои дохилӣ дар назди муҷассамаи шаҳидони  Вазорати корҳои дохилӣ гулчанбар гузоштанд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ Го Шенкун бо вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули афкор намуданд.
Вазири корҳои дохилии ҶТ изҳор намуд, ки мардуми тоҷику чинӣ дар тӯли қарнҳо бо ҳам дӯсти дерин буда, ҳамкориҳои чандинсола доранд.  Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ шарикони боэътимод дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,  хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз маҳсуб меёбанд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун изҳори боварӣ намуд, ки Вазорати бехатарии ҷамъиятии кишвари Чин низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ як силсила масоили мубрами рӯз, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллиро рафъ хоҳанд кард.
Дар нишаст барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба, алалхусус ҳамкориҳо дар самти мубодилаи иттилоот ва пешгирии ҷиноятҳои кибернетикӣ табодули афкор сурат гирифт.
 
 

Апрель 18, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид