Машғулиятҳои тирпаронӣ дар Фахробод

Апрель 29, 2014 10:21

Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби афсарони дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар машқгоҳи Фахробод машғулиятҳои тирпаронӣ бо истифода аз силоҳи автомати  Калашников, пистолети Макаров ва норинҷаки дастӣ сурат гирифтанд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи мамлакат, машғулиятҳои омӯзишӣ ду рӯз давом ёфта, масъулини раёсатҳои дахлдори Ситоди генералӣ ва афсарон истифода намудани аслиҳаи сабуки оташфишон ва тарзи норинҷакпартоиро назорат намуданд.
Дар машғулиятҳои таълимӣ, ки пайваста аз ҷониби Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиа роҳандозӣ мешаванд, тарз ва усулҳои хоси корбарӣ ва истифодаи навъи яроқҳои пешрафтаи ҷаҳон ба афсарон омӯзонида мешаванд.
Ҳадафи машғулиятҳои таълимӣ сайқали таҷриба ва баланд бардоштани савияи дониши ҳайатҳои роҳбарикунанда, дар самти идора ва вазифагузорӣ намудани зертобеони худ буд

Апрель 29, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст