Машғулиятҳои тирпаронӣ дар Фахробод
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби афсарони дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар машқгоҳи Фахробод машғулиятҳои тирпаронӣ бо истифода аз силоҳи автомати Калашников, пистолети Макаров ва норинҷаки дастӣ сурат гирифтанд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи мамлакат, машғулиятҳои омӯзишӣ ду рӯз давом ёфта, масъулини раёсатҳои дахлдори Ситоди генералӣ ва афсарон истифода намудани аслиҳаи сабуки оташфишон ва тарзи норинҷакпартоиро назорат намуданд.
Дар машғулиятҳои таълимӣ, ки пайваста аз ҷониби Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиа роҳандозӣ мешаванд, тарз ва усулҳои хоси корбарӣ ва истифодаи навъи яроқҳои пешрафтаи ҷаҳон ба афсарон омӯзонида мешаванд.
Ҳадафи машғулиятҳои таълимӣ сайқали таҷриба ва баланд бардоштани савияи дониши ҳайатҳои роҳбарикунанда, дар самти идора ва вазифагузорӣ намудани зертобеони худ буд








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






