Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Латвия

Апрель 5, 2014 10:56

Душанбе, 5.04.2014 (АМИТ «Ховар»).-4 апрели соли 2014 нахустин машваратҳои сиёсии байниидоравии Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия дар ш.Душанбе баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва ҷониби Латвияро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эдуардс Спитрайс муаррифӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия, омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон, баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ ва инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва  вазъият дар Афғонистонро муҳокима намуданд.
Ғайр аз ин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 муҳокима гардиданд.

Апрель 5, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад