Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Латвия
Душанбе, 5.04.2014 (АМИТ «Ховар»).-4 апрели соли 2014 нахустин машваратҳои сиёсии байниидоравии Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия дар ш.Душанбе баргузор гардид.
Ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва ҷониби Латвияро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эдуардс Спитрайс муаррифӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ тарафайн доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия, омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон, баррасии ҳамкориҳои минтақавӣ ва инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва вазъият дар Афғонистонро муҳокима намуданд.
Ғайр аз ин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 муҳокима гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






