Маскан рушди бозори амволи ғайриманқулро пешбинӣ мекунад

Апрель 24, 2014 10:16

Душанбе, 24.04.2014 (АМИТ Ховар).- Ширкати Маскан маҷмӯи ҳамаи хизматрасониҳои риэлториро дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои наздик пешниҳод менамояд. Фаъолияти ширкати Маскан аз дигар агентиҳо хеле фарқ мекунад. Масалан, ширкат бо ҳамаи мизоҷон ва шарикон шартномаҳои хаттӣ имзо мекунад, ки ин гувоҳӣ аз фаъолияти шаффофи ширкат медиҳад. Ғайр аз ин ширкат дар сайти худ — www.maskan.tj маълумоти пурраи ҳар як хонаи истиқоматии ба фурӯш ё иҷора гузоштаро бо расмҳо ва нархҳо ҷойгир мекунад. Дар навбати худ, соҳибмулки амволи ғайриманқул метавонад лаҳзаи дилхоҳ маълумоти амволи худро санҷад ва дилпур бошад, ки ширкат худсарона нархро баланд намекунад.Инчунин ширкати Маскан аз ширкатҳои дигар бо чунин бартариҳо фарқ мекунад — миқдори калони хонаҳои ба фурӯш ва иҷора монда, тарофаҳои қулай ва шаффоф, кормандони касбӣ, истифодаи технологияҳои муосир, фаъолияти бе истироҳат, коргоҳи замонавӣ ва дигар бартариҳо. Мутахассисони ширкат ҳама вақт навовариҳоро ба сохтори кор ворид мекунанд, ки дар натиҷа раванди хариду фурӯш ва иҷораи амволи ғайриманқулро осон мегардонад. Аллакай ширкат миқдори калони хонаҳои ба фурӯш ва иҷора мондаро дорад. Ин имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ хонаи лозимӣ дарёфт шаванд.Бо сабаби муроҷиатҳои зиёд ва бо мақсади васеъ кардани хизматрасонӣ, ба наздикӣ ширкат қисми навро омода кард — Trip to Tajikistan, ки бисёртар ба меҳмонҳои хориҷӣ хонаҳои истиқоматӣ ва меҳмонхонаҳоро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ пешниҳод менамояд. Дар ҳайси шарикон ҳам меҳмонхонаҳои арзон ва ҳам меҳмонхонаҳои боҳашамат мавҷуданд. Соҳибони хонаҳои истиқоматӣ аз тариқи Trip to Tajikistan метавонанд хонаҳои худро бо шартҳои мусоид ба меҳмонҳои хориҷӣ ба иҷора супоранд.Мутахассисони ширкати Маскан рушди устувори бозори амволи ғайриманқулро пешбинӣ мекунанд ва боварии комил доранд, ки дар муддати наздик хизматрасониҳои риэлторӣ дар сатҳи давлатҳои хориҷӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Апрель 24, 2014 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад