Масъули комиссариат:ҷавонон ба саломатии худ аҳамият намедиҳанд

Апрель 25, 2014 15:03

Хоруғ, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо баргузории барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ, ватандорию ватанпарварӣ аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбии ВМКБ ва муассисахои таълимию фарҳангӣ дар миёни наврасону ҷавонон маъракаи   даъвати  баҳории ҷавонписарон ба сафҳои  ҷузъу томҳои Артиши Миллӣ,   ниҳодҳои сохторҳои қудратӣ  ва ситоди ҳолатҳои фавқулода  мувофиқи  матлаб идома дорад.   
      Муовини комиссари ҳарбии вилоят  Беҳзод Саидиброҳимов гуфт, ки аллакай  ноҳияҳои  Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Ишкошиму  Мурғоб  нақшаи  даъвати баҳориро дар муҳлати кӯтоҳтарин  таъмин намуданд. Як чиз моро хушҳол месозад, ки аксарияти ҷавонон имсол бо хоҳиши худ ба нуқтахои сафарбаркунӣ омада, довталабона ба хизмати ватан раҳсипор шуданд. 
Ба гуфти ин масъули комиссариати низомӣ як чиз нигаронкунанда аст, ки иддае аз ҷавонон ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ  намедиҳанд, ба варзиш машғул намешаванд, ҳарчанд дар тамоми шаҳру деҳот толору майдончаҳои варзишӣ мавҷуданд. Бинобар ин комиссариатҳои низомӣ, мактабҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои марбутаро зарур аст, ки ба ин паҳлуи ҳаёти кӯдакону наврасон ва ҷавонон аҳамияти бештар диҳанд. 

 
 
 

Апрель 25, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик