Масъули комиссариат:ҷавонон ба саломатии худ аҳамият намедиҳанд
Хоруғ, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо баргузории барномаҳои ахлоқию тарбиявӣ, ватандорию ватанпарварӣ аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбии ВМКБ ва муассисахои таълимию фарҳангӣ дар миёни наврасону ҷавонон маъракаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафҳои ҷузъу томҳои Артиши Миллӣ, ниҳодҳои сохторҳои қудратӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулода мувофиқи матлаб идома дорад.
Муовини комиссари ҳарбии вилоят Беҳзод Саидиброҳимов гуфт, ки аллакай ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Ишкошиму Мурғоб нақшаи даъвати баҳориро дар муҳлати кӯтоҳтарин таъмин намуданд. Як чиз моро хушҳол месозад, ки аксарияти ҷавонон имсол бо хоҳиши худ ба нуқтахои сафарбаркунӣ омада, довталабона ба хизмати ватан раҳсипор шуданд.
Ба гуфти ин масъули комиссариати низомӣ як чиз нигаронкунанда аст, ки иддае аз ҷавонон ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ба варзиш машғул намешаванд, ҳарчанд дар тамоми шаҳру деҳот толору майдончаҳои варзишӣ мавҷуданд. Бинобар ин комиссариатҳои низомӣ, мактабҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои марбутаро зарур аст, ки ба ин паҳлуи ҳаёти кӯдакону наврасон ва ҷавонон аҳамияти бештар диҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






