“Мавъизаҳо”- маводи ёрирасон барои имомхатибон
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо бо номи “Мавъизаҳо” аз чоп баровард, ки он ҳамчун маводи ёрирасон барои имомхатибон хидмат хоҳад кард.
Китоби мазкур фарогири 50 мавъиза дар мавзӯоти диниву ахлоқӣ, эҳсону накукорӣ ва дигар аҳкоми дини мубини ислом буда, бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид ва он ройгон ба имомхатибони кишвар дода мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар Афшини Муқим хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






