МБС ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Имрӯз, 17 апрел, дар шаҳри Душанбе бо иштироки мансабдорони вазорату идораҳои кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷонибҳои дигари манфиатдор мизи мудаввар дар мавзӯи «Тарҳрезии стратегияи оид ба таъмини амнияти маводи ғизоӣ дар ҶТ» баргузор мешавад.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, стратегияи мазкур самтҳои асосии дигаргунсозиҳои низоми ҳозираи таъмини бехатарии маводи ғизоӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадамро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Татбиқи стратегия имкон медиҳад, ки бехатарии маводи ғизоӣ дар бозори дохилӣ таъмин намуда, тансиҳатии истеъмолкунандагон ҳифз гардад. Стратегия ҳамчунин ба рушди содироти маводи ғизоӣ бо василаи густариши дастрасӣ ба бозорҳои мухталифи содиротӣ мусоидат мекунад.
Кӯмаки Маркази байналмилалии савдо дар ҳошияи лоиҳае сурат мегирад, ки онро Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории бахши савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд. Мақсад аз ин лоиҳа мусоидат ба Тоҷикистон барои татбиқи дастурҳои Созмони байналмилалии савдо аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






