МБС ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Апрель 17, 2014 11:32

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар). —  Имрӯз,  17  апрел,  дар  шаҳри  Душанбе  бо  иштироки   мансабдорони  вазорату  идораҳои  кишвар,  созмонҳои байналмилалӣ  ва  ҷонибҳои  дигари  манфиатдор  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи  «Тарҳрезии  стратегияи  оид ба  таъмини амнияти  маводи  ғизоӣ  дар  ҶТ»  баргузор  мешавад. 
Тавре  ки  аз  Маркази  байналмилалии  савдо   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,   стратегияи  мазкур   самтҳои  асосии дигаргунсозиҳои  низоми  ҳозираи  таъмини  бехатарии   маводи  ғизоӣ  бо  истифода  аз  таҷрибаи  пешқадамро  ба  Ҳукумати  Тоҷикистон пешниҳод  мекунад.  Татбиқи  стратегия имкон  медиҳад, ки бехатарии  маводи ғизоӣ  дар  бозори  дохилӣ таъмин  намуда,  тансиҳатии  истеъмолкунандагон ҳифз  гардад. Стратегия  ҳамчунин  ба  рушди  содироти  маводи  ғизоӣ бо  василаи   густариши  дастрасӣ  ба  бозорҳои  мухталифи  содиротӣ  мусоидат  мекунад.
Кӯмаки  Маркази  байналмилалии  савдо  дар ҳошияи  лоиҳае  сурат  мегирад, ки онро Ҳукумати  Швейтсария  дар  чаҳорчӯбаи  Барномаи ҳамкории бахши  савдо дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маблағгузорӣ  менамояд. Мақсад  аз  ин  лоиҳа  мусоидат ба  Тоҷикистон  барои  татбиқи   дастурҳои  Созмони байналмилалии савдо  аст.

Апрель 17, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст